Дар Тоҷикистон 39 % , кам ё басанда? Дар Душанбе 100%!
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин кишвар беш аз 47 дарсади сокинони аз 18-сола боло мояи аввали воксинаи зиди коронавирусро қабул кардаанд ва шумори пурра эмшудаҳо наздики 39 фоиз будааст. Ба иттилои расмӣ, дар шаҳри Душанбе нақшаи эмшавӣ бар зидди коронавирус беш аз 100 фоиз иҷро шудааст.
Санҷидани дурустии ин иттило имкон надорад, вале аз замони шурӯи пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон, дар миёни аҳолӣ нобоварӣ ба омори расмӣ вуҷуд дошт. Мақомот ахиран баъди як моҳи нашри хабарҳо дар бораи ин ки ҳеҷ як ҳолати олудашавӣ ба коронавирус вуҷуд надорад, дар чор рӯзи гузашта дар бораи олудашавии се нафари дигар хабар доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ