Дар Тоҷикистон ба коронавирус ғалаба карданд?
Вазорат ҳанӯз рӯзи 31 декабр хабар дода буд, ки бемористонҳо аз гирифторони коронавирус пурра холӣ шудаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 4 январ низ иттилоъ дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст ва дар ин як рӯзи охир 39 нафари дигар аз коронавирус шифо ёфтаанд. Вазорат мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 192 бемори коронавирус боқӣ мондааст, ки “бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.” Ин вазорат ҳанӯз рӯзи 31 декабр хабар дода буд, ки бемористонҳо аз гирифторони коронавирус пурра холӣ шудаанд. Аз ҳамон рӯзи 31 декабр инак 4 рӯз боз вазорат дар бораи ошкор нашудани ягон ҳолати нави коронавирус гузориш медиҳад. Дар ин байн танҳо рӯзи 2 январ дар бораи ошкор шудани ҳамагӣ 4 ҳолат гузориш шуда буду халос.
Дар умум, бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон 13 300 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, аз ин шумор 13 018 нафар ё 97,8% аз шумори умумии гирифторон шифо ёфта ва 90 нафар фавтидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ