Дар Тоҷикистон “бахт”-ро чанд сомонӣ мехаранд?

Аз қабули қонуни танзим ва ҷашну маросимҳо 12 сол сипарӣ мегардад, вале ҳамоно тӯйи арӯсӣ яке аз серхароҷоттарин маърака дар саросари Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Тӯйҳо серхарҷ шуданд

Тӯйи арӯсӣ дар ҳар минтақаи Тоҷикистон ба ҳар шева баргузор мешавад. Харҷи тӯй низ бастагӣ дорад ба урфу одат ва анъанаҳои мардум. Барои мисол, дар шимоли Тоҷикистон.

Дар шаҳри Хуҷанд тӯйдорҳо харҷи маъракаро байни ҳам тақсим мекунанд. Маъракаи “Оши наҳор” дар хонаи арӯс ва базми арӯсӣ дар хонаи домод мегузарад. Хароҷоти тарабхона низ табиист, ки ба дӯши домод аст. Гоҳо арӯсдор ҳам ба базм ҳисса мегузорад.

Дар вилояти Хатлон бошад, барои тӯй кардан духтар аз домод “қалин” талаб мекунад, ки ин анъана умуман дар вилояти Суғд ба назар намерасад.

Баъд аз тӯйи асосӣ дар Хуҷанд маъракаҳо идома меёбанд. Табиист, ки барои “келинсалом”, “домодталбон” ва “қудоталбон”-у “келинталбон” ҳар ду ҷониб маблағҳои зиёде сарф мекунанд.

Марҳамат Самадова — сокини 70-солаи Хуҷанд мегӯяд, ки тӯю маърака вақтҳои охир хеле серхарҷ аст: “Ҳозир тарафи домод як хонаро пурра холӣ мекунад ва келин маҷбур аст, ки як хонаро аз сӯзану ришта сар карда, то ҷиҳози хоб ва техникаи маишӣ таъмин кунад. Ин албатта, нодуруст аст. Қудоҳо, агар келин то дарзмолу пилтаву қошуқашро набарад, айб мекунанд. Ба чунин маросимҳо хотима бояд дод”.

Қарз барои қалин

Дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон домод барои  арӯс “қалин” медиҳад. Асосан, қалин барои духтардор аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ мебошад.

Гулчеҳра аз минтақаи Хатлон аст. Бо ин зан замони харидаш дар бозори “Корвон” ҳамсуҳбат шудем.

“Барои духтарам тарафи писардор 18 ҳазор сомонӣ “қалин” овард, ки албатта ин хеле кам аст. Шавҳарам дар Маскав дар муҳоҷират аст, ҳоло боз аз онҷо маблағ равон кард, то мо боз ҷиҳози духтарамро харидорӣ кунем. Зеро ҳоло умуман анъана дигар шудааст, ҳатто тарафи духтар то мебелу телевизор мебарад. Маҷбур ҳастам, ки бихарам, то фардо духтарам таънашунави хешу таборони шавҳараш  нашавад”,- гуфт дар суҳбат номбурда.

Холаи Гулчеҳра серкор аст. Ӯ бояд барои ҷониби қудоҳо матоъҳои якранг бихарад ва аз бонк қарз гирифта, барои тӯйи духтараш ҷиҳози техникии рӯзгор харидорӣ кунад…

Мисли холаи Гулчеҳра даҳҳо нафар волидайн барои хушбахтии фарзандашон қарз гирифта, ҷиҳози арӯсӣ мехаранд.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *