Дар Тоҷикистон дарозтарин пул бунёд мешавад
Дар болои дарёи Сурхоби ноҳияи Нуробод дарозтарин пули масофааш 920 метр сохта мешавад. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ин дарозтарин пул ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба ин, байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати «Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД» -и Чин Созишномаи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пули мошингузари дароз байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва филиали ширкати чиноии «Жечианг коммуникейшн констракшэн груп ко ЛТД» ба имзо расид.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, санад дар заминаи марҳилаи сеюми татбиқи Лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди «Обигарм – Нуробод» ба имзо расид. Онро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чиноии «Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД» Ли Минкун имзо намуданд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки сохтмони ин пул барои иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, бояд он бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шавад.
Тибқи созишнома, пул бояд дар муҳлати 4 сол бо назардошти меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо иштироки мутахассисони ботаҷрибаи ватанию хориҷӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Арзиши умумии татбиқи лоиҳа 427 555 518.63 юани чинӣ- муодил ба 59 миллиону 857 ҳазору 772,61 долллар мебошад.
Гуфта шуд, ки пули мазкур бо дарозии 920 метр ва роҳҳои ба он васлшаванда дар маҷмуъ ба масофаи 1500 метр дар ноҳияи Нуробод, болои дарёи Сурхоб сохта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ