Дар Тоҷикистон харидори сангҳои қиматбаҳо кист?

Вазорати рушди иқтисод ва савдо маълумот дар бораи ҳаҷми содирот ва воридоти сангҳои қиматбаҳо, нимқиматбаҳо ва филизотро эълон кард.

 Тоҷикистон содироти филизоти баҳодорро 30 дарсад афзоиш додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ба ин тартиб фурӯши филизоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо дар соли 2021-ум 41,7 фоизи иқтидори содиротии ҷумҳуриро ташкил дод.

«Тибқи натиҷаҳои соли 2021, даромад аз фурӯши филизоти қиматбаҳо тақрибан 897 миллион доллар ё қариб 77 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии ҷумҳуриро ташкил дод, омадааст дар гузориш»,- менависад Sputnik

Тибқи омор, афзоиши ҳаҷми содироти ин металлҳо нисбат ба ҳамин нишондодҳои соли 2020 30 фоиз бештар будааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти санг, металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо дар ин давра беш аз 5,2 миллион долларро ташкил дода, афзоиши таҳвил нисбат ба соли 2020-ум 2,8 баробар зиёдтар буд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳудуди 380 намуди коло содир мекунад. Аммо дар солҳои охир маҳз содироти металлҳои қиматбаҳо хеле афзоиш ёфтааст.

Маълум аст, ки дар давраи пандемия дар Тоҷикистон фурӯши металлҳои қиматбаҳо афзоиш ёфт.

Онҳо тақрибан нисфи содироти кишварро ташкил дода, дар соли 2020 ба маблағи тақрибан 690 миллион доллар фурӯхта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Швейтсария аз харидорони асосии сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон аст, ки беш аз 50 дарсади содирот ба ин кишвар рост меояд.

Тоҷикистон низ дар ин самт ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсарияро баррасӣ кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои азнавсозии технологии Ширкати Алюминийи Тоҷик, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” то як миллион тонна баррасӣ гардид.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ имконияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву цинки Тоҷикистон ва сармоягузории ширкати “Гленкор” ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ баррасӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *