Дар Тоҷикистон хизматрасонии Google Pay барои пардохтҳои ғайринақдӣ фаъол мешавад

25 июни соли 2024 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Шурои тиҷоратии ИМА, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд. Ҷонибҳо зимни суҳбат вобаста ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳо табодули андеша намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз дастгирии лоиҳаҳо ва кумакҳои техникии ИМА дар самти ҷорӣ намудани низоми нави автоматикунонидашудаи бонкии ҷавобгӯ ба талаботи муосири ҷаҳонӣ дар бахши назорати суғуртавӣ, ҳамкорӣ бо Корпуси волонтёрон оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ, такмили низоми МҚД/МТ/МПСҚО, таҳкими суботи молиявӣ, зиёд кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, татбиқи муқаррароти СБҲМ, арзёбии сифати аудити дохилӣ ва идоракунии хавфҳо сухан ронда, қайд намуд, иштироки сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи ИМА дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ва кушодани намояндагии бонкҳои ИМА дар Тоҷикистон метавонад ба густариши робитаҳои иқтисодии ду кишвар мусоидат намояд.

Директори иҷроияи Шурои тиҷоратии ИМА хонум Елена В.Сон дар навбати худ барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии ҳайати мазкурро ҷиҳати идомаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Дар қисмати ниҳоии вохӯрӣ бо иштироки роҳбарияти БМТ, намояндагони низоми бонкӣ, Шурои тиҷоратии ИМА ва як қатор ширкатҳои амрикоӣ ба фаъолияти шабакаи хизматрасонии низоми пардохтҳои ғайринақдӣ Google Pay дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки низоми Google Pay дар кишварҳои дорои низомҳои пешрафтаи пардохтҳои ғайринақдӣ бомуваффақият фаъолият мекунад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан 74-умин кишваре мебошад, ки ин намуди хизматрасонӣ дар он дастрас аст. Ин низом имкон медиҳад, ки дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ тавассути телефонҳои мобилие (смартфонҳое), ки дар низоми амалиётии Android кор мекунанд ва дорои модули NFC мебошанд, пардохтҳо анҷом дода шаванд. Дорандагони кортҳои пардохт ҳамзамон имконияти бехатар ва бо осонӣ пардохт намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро бе истифодаи кортҳо пайдо менамоянд. Ҳамаи амалиётҳои молиявӣ тавассути низомҳои пардохтии байналмилалӣ анҷом дода мешаванд ва Google Pay танҳо ҳамчун системаи технологӣ амал мекунад, ки дорандаи корти пардохтро бо нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ мепайвандад.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҶСК «Алиф Бонк» аввалин шуда ба низоми Google Pay бомуваффақият ҳамгиро шудааст, ки муштариёни он метавонанд кортҳои Visa-и худро ба ин низом пайваст кунанд ва дар POS-терминалҳои корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ пардохтро анҷом диҳанд. Дар назар аст, ки як қатор ташкилотҳои қарзию молиявии дигар низ, ки иштирокчиёни низоми пардохти байналмилалӣ Visa ва Mastercard мебошанд, дар ояндаи наздик пардохти ғайринақдиро тавассути низоми Google Pay пешниҳод намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *