Дар Тоҷикистон ки 16 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад?

“Дар Тоҷикистон 722 ҳазору 688 нафақахур ҳаст…” Ин оморро имрӯз Директори агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода ба самъи хабарнигорон расонд.

Тавре ӯ изҳор дошт, аз ин шумора зиёда аз 150 ҳазор нафрашон нафақаи маъюбӣ мегиранд. Давлатзода ба саволи он,ки магар шарт аст, ки маъюбони якумраро сари ҳар вақт ба ташхис даъват намуда, маъюбии онҳоро бори дигар собит кунанд, ҷавоб дод, ки ба баъзе аз ин гурҳҳо мувофиқи қонун нафақаи умрбод таъин шудааст. “Вале ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки чунин тафтиш зарур аст. Масалан, нафақахуре аз ноҳияи Восеъ аз шаҳри Хуҷанд варақаи маъюбӣ овардааст. Дар натиҷаи гузронидани инвентаризатсия маълум гардид, ки як қисмати муайяни чунин шахсон ба категорияи маъюбии худ мувофиқат намекунанд.” Дар мавриди нафақаи муҳоҷирон Директори агентӣ изҳор дошт,ки сари ин масъала бо ҷониби Русия гуфтушунидҳо бурда шуда истодаанд. Давлатзода ба саволи он,ки ҳоло балндтарин нафақаро дар кишвари мо кӣ мегирад, ҷавоб дод,ки ин корманди собиқи “Тоҷиксодиротбонк” Назаршоева аст ва нафақаи ӯ 16 ҳазор сомонӣ мебошад. Нафақаи ин шахс вобаста ба он ҳиссае, ки аз ҳисоби маблағи коркардааш ба фонди нафақа гузаронида шудааст, таъин гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *