Дар Тоҷикистон кумаки Британияи Кабир ба оилаҳои гурезаи афғон расид (аудио)

Имрӯз, 12-уми апрел ба оилаҳои паноҳҷӯи Афғонистон, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, беш аз 1000 бастаи гигиенӣ тақдим гардид.

Ин кумакҳо аз тарафи Хазинаи нуфуси СММ (UNFP) дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Британияи Кабир пешниҳод шудааст.

Бастаҳои шустушӯӣ бо иштироки ҷаноби Пол Роббинс, роҳбари минтақавии Фонди Ҳукумати Британия оид ба пешгирии низоъ, пешбурди субот ва амният дар Осиёи Миёна, ҷаноби Ю Ю., намояндаи UNFP дар Ӯзбекистон ва роҳбари минтақавӣ дар Тоҷикистон, Наргис Раҳимова, роҳбари намояндагии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон, Роза Минасян, мушовир оид ба масъалаҳои ҳифзи байналмилалӣ ва намояндагии Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ба Мусовир Баҳодурӣ, намояндаи ҷамъияти гурезаҳои афғон “Ориёно” дар Тоҷикистон расман супорида шуд. Гуфта шуд, ки шуруъ аз ҳафтаи равон ин кумакҳо ба оилаҳои осебпазири афғон, ки ҳоло дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тақсим мегардад.

Бастаҳои гигенӣ аз ашёи зарурӣ, аз ҷумла хамираи дандоншӯӣ, собуну шампун, хокаи ҷомашӯӣ, риштаву сӯзан,  дастпоккунакҳои чандкарата, коғази ташноб ва дигар ашёҳои зарурӣ иборат мебошанд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *