Дар Тоҷикистон меъёри ҷарима боло рафт

Аз якуми январи соли 2021 ҳаҷми пардохти ҷаримаҳо баланд мешавад. Андозаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки 58 сомонӣ буд, акнун ба 60 сомонӣ баробар мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021”, ки аз 20 ноябри соли 2020 таҳти рақами 1724 қабул шудааст, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2021-ро муқаррар намудааст.

Sputnik хабар додааст, ки андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, дар ҳаҷми 60 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

“Аз санаи 1 январи соли 2021 муҷозоти ҷаримавӣ, пардохти андоз аз соҳибони воситаи нақлиёт ва дигар пардохтҳо тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 60 сомонӣ татбиқ карда мешавад”, — таъкид шудааст дар барқияи иттилоотӣ.

Аввали соли 2020, меъёри пардохти андози роҳ аз воситаи нақлиёт, аз рӯи иқтидори муҳаррик ва “қувваи асп” чен карда мешавад 4,35 сомонӣ муқаррар шудаст, ки ин рақам назар ба соли 2019 ( 4,12) 5,5% баланд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *