Дар Тоҷикистон нархи газ боз боло рафт
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ дар кишварҳои истеҳсолкунанда нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафт.
“Нархи 1 тонна гази моеъ, масалан дар Қазоқистон, тайи чанд рӯзи охир аз 470 доллар ба 550 доллар боло рафт ва маҳз барои ҳамин нархи ин навъи сӯзишворӣ дар кишвари мо ҳам боло шуд”,- шарҳ дод сухангӯи вазорат Маҳмуд Баҳром.
Ин масъули вазорат камчин шудани гази моеъ дар кишварро рад карда, гуфт, ки “гурӯҳи корӣ ду рӯз нуқтаҳои асосии фурӯши сӯзишвории пойтахтро аз назорат гузарониданд, қариб дар аксар нуқтаҳо гази моеъ пайдо шуд”.
Ба гуфтаи ӯ, “воридкунандаи асосии гази моеъ дар шаҳри Душанбе ҶДММ “Аллат” ва “Ориё” буда, дар ин ширкатҳо ҳеч гуна маҳдудият ва камчинии гази моеъ ба назар намерасад”.
Ҳоло 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш 8,2 сомонӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ