Низом Мирзозода

Дар Тоҷикистон назорати бунёди биноҳо пурзӯр мешавад

Масъулини Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар пайи заминларзаи шадид дар Туркия назорати мустаҳкам сохтани биноҳои бунёдшударо пурзӯр хоҳанд кард.

“Биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд ё сохта мешаванд, барои тобовар ба заминларзаи 8,5 — 9 балл пешбинӣ шудаанд”,- гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Низом Мирзозода.

Ба гуфтаи номбурда, барои бунёди иншоот дар ҷумҳурӣ вобаста ба минтақа бо назардошти фаъолияти сейсмикии маҳаллӣ иҷозат дода мешавад. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки пас аз заминларза дар Туркия ба масъалаи мустаҳкамии биноҳо, аз ҷумла, биноҳои истиқоматӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Кумита барои санҷидани мустаҳкамии таҳкурсии иншооти сохташаванда озмоишгоҳи вижа ташкил хоҳад кард ва ин гуна санҷишҳо ҳатмӣ хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *