Дар Тоҷикистон охири ҳафта борону барф меборад

Охири ҳафтаи равон ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ паст шуда, сардии бесобиқа пешгӯӣ мешавад.

 Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 13 то 16-уми декабр дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, пастгавии ҳарорат, асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои обуҳавошиносон, дар вилояти Хатлон рӯзҳои 13 ва 14-уми декабр ҳавои бебориш ва рӯзҳои 15-16 декабр боридани борону барф, инчунин яхбандӣ дар баъзе ноҳияҳо дар назар аст. Дар вилояти Суғд низ рӯзҳои 15 ва 16 декабр боридани барф пешгӯӣ мешавад.

Вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо то 20 метр дар як сония хоҳад шуд. Агентии обуҳавошиносии кишвар сокинонро огоҳ мекунад, ки дар минтақаҳои доманакӯҳ ҳарорати ҳаво охири ҳафтаи равон хеле хунук хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *