Дар Тоҷикистон орду гандум зиёду нарх гарон

Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар истеҳсоли гандум ва орд дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 афзоиш ёфтааст.

Манбаъ мегӯяд, ки дар моҳҳои январ-декабри соли 2020 ба ҷумҳурӣ 89,9 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 261 доллар барои 1 тонна ворид шудааст. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 ҳазор тонна ва ё 4,8 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар соли 2020 ба кишвар 899,9 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 243 доллар барои 1 тонна ворид гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 191 ҳазор тонна ё 17,5 фоиз кам аст.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардидаи орд 94,6% ба Қазоқистон, 5,0% ба Россия ва 0,3% ба Ӯзбекистон рост меояд.

Маҳсулоти воридгардидаи гандум 93,3% ба Қазоқистон, 5,0% ба Россия ва 1,6 ба Ӯзбекистон рост меояд. Инчунин, дар ин давра, тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ 830,4 ҳазор тонна орд истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 120,5 ҳазор тонна ё 16,9 фоиз зиёд мебошад.

Аммо ин омори пешниҳоднамудаи Хадамоти зиддиинзисорӣ дар ҳолест, ки нархи орду маҳсулоти нонӣ дар бозорҳои кишвар гарон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *