Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд

 Аз 24 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар ин бора  аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир мешаванд.

Ҳамкории фарҳангь байни Тоҷикистон ва Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии фарҳангу ҳунари ду давлат  то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018 ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.  Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *