Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат барои соли оянда мушаххас шуд
Сокинон кишвар дар Наврӯзи соли оянда 6 рӯз паиҳам истироҳат хоҳанд дошт. Ҳукумати кишвар қарор кардааст, рӯзи истироҳати 18 марти 2023-ро ба рӯзи душанбеи 20-уми март гузаронад.
Расман Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24 март таҷлил мегардад. Соли оянда истироҳатҳои наврӯзӣ аз 19 март оғоз мегарданд. Ҳамчунин, дар асоси қарори Ҳукумат рӯзи шанбеи 6 май ба душанбеи 8 май гузаронда хоҳад шуд ва ҳамин тариқ тоҷикистониён дар солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 3 рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд дошт.
Истироҳати серӯзаи дигар тоҷикистониёнро дар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ интизор аст. Ҳукумат истироҳати рӯзи шанбеи 24 июнро ба душанбеи 26 июни соли 2023 гузарондааст. Ҳамин тариқ, тоҷикистониён аз рӯзҳои 25, 26 ва 27 июн истироҳат хоҳанд дошт.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 27 июн чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.
Далели ин қарори Ҳукумати Тоҷикистон талаботи моддаи 89-уми Кодекси меҳнати ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад. Дар асоси банди 5-уми моддаи 89-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ