Дар Тоҷикистон 3973 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст
Дар мавсими ҳаҷи соли сипаригардида тавассути Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карданд.
Ин нуктаро имрӯз, 5 феврал раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. «Нархномаи ягонаи сафари ҳаҷ дар мавсими соли 2017 барои як нафар ҳаҷраванда дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам муқаррар карда шуда, пардохти маблағҳои ҳаҷравандагон дар шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд», — илова намуд Сулаймон Давлатзода.Дар нишаст қайд карда шуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеъи марказӣ 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 3973 иттиҳодияи ба қайд гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ