Дар Тоҷикистон 8 миллиону 742 ҳазору 182 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.
Дар ин бора Гулнора Ҳасанова, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки феълан миёни сокинони кишвар 50,6 дарсадро мардон ва 49,4 дарсадро занон ташкил медиҳанд: “Синни миёнаи занҳо 75,6 сол ва аз мардҳо 71,8 мебошад.
Синни миёнаи сокинони кишвар 73,6 сол мебошад”.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ аҳолии Тоҷикистон 8 миллиону 742 ҳазору 182 нафарро ташкил медиҳад. Ба иттилои Оҷонсии омор афзоиши табии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2016 коҳиш ёфта, 1,4 фоиз шудааст: “Сари 1000 сокин 22,8 нафар рост меояд”.
Аммо сабти фавт дар соли гузашта 0,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 33 ҳазор нафар баробар шудаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ