Дар Тоҷикистон садҳо ҳайвону растанӣ нобуд мешаванд

Созмони экологии “Замини кучак” ҳушдор додааст, ки ҳудуди 500 намуди ҷонварон ва растанӣ дар Тоҷикистон дар маърази хатари нобудӣ қарор дорад.

Созмони экологии “Замини кучак” ҳушдор додааст, ки ҳудуди 500 намуди ҷонварон ва растанӣ дар Тоҷикистон дар маърази хатари нобудӣ қарор дорад.

Дар варақаи матбуотии ин созмон, ки рӯзи 22 апрел, дар Рӯзи ҷаҳонии Замин интишор гардид, дар ин бора хабар додааст.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 13 ҳазор намуди ҳайвонот ва 5 ҳазор намуди растанӣ сабт шудааст.

Дар варақаи матбуотии Созмони экологии “Замини кучак”, далели нобудшавии ҳайвонот ва растании дар “Китоби сурх” воридшудаи Тоҷикистон, шароити номусоиди табиӣ ва фаъолияти инсон арзёбӣ шудааст.

Аз ҷумла, инсон дарахтони бешазорҳоро мебурад, ҳайвонотро мекушад ва муҳити атрофро заҳролуд мекунад. Ҳамчунин, тағйирёбии иқлим боиси нобудии ҳайвоноти нодир ва растаниҳо шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *