Дар Тошканд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро сарвазир пешвоз гирифт
Имрӯз, 9 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуд.
Ҳадаф аз ин сафар иштирок дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) мебошад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ