Дар Туркия соҳибкори қирғиз кушта шуд
Соҳибкор Айэркен Саймаитӣ, ки номаш бо берун бурдани миллионҳо доллар аз Қирғизистон зикр гаштааст, дар Туркия кушта шуд.
Ба иттилои нашрияи туркии «Hürriyet», шахси номаълуме 10 ноябр соҳибкори қирғизро дар меҳмонсарое дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истамбул парондааст. Соҳибкор дар беморхона ҷон додааст. Додситонии Туркия тафтиши ҳодисаро оғоз кардааст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 29 майи соли равон таҳқиқоти рӯзноманигор Алӣ Тоқтакуновро зери унвони «Аз пайи миллионҳо доллари аз Қирғизистон бурдашуда» нашр кард, ки бар асоси он, тайи солҳои 2011- 2017 ҳудуди 700 млн доллар ба воситаи бонкҳои гуногун ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ИМА ва Ҳонгконг интиқол дода шудааст.
Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкор Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.
Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов — бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст. Вале ӯ гуфта буд, ки Саймаитӣ ва ҳамсарашро намешиносад ва аз онҳо пуле ҳам дарёфт накардааст. Бунёди «Исмоил Матраимов» солҳои ахир чорабиниҳои варзишиеро бо иштироки мансабдорони баландпоя баргузор мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ