Дар Туркия тайёра суқут кард, талафоти ҷонӣ ҳаст

Тавре,ки агантии иттилоотии Anadolu хабар медиҳад, субҳи имрӯз, 16 июл дар Туркия тайёраи кашшофи, ки ба сохторҳои бехатарии ин кишвар тааллуқ дошт, сарнагун шуд.

Дар садама 7 тан кушта шуданд, ки ду нафари онҳо халабонҳои тайёра ва 5 тани дигар кормандони хадамоти бехатарии ин кишвар буданд. Тавре Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия мегӯяд, тайёра тақрибан соати 3 наздикии субҳ, вақте,ки парвози иктишофӣ ва назоратӣ мекард, ба садама дучор шудааст.
А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *