Дар Туркманистон барои навбатпоӣ дар назди бонкомат боздошт мешаванд

Дар вилояти Лебапи Туркманистон сокинон барои навбатпоӣ дар назди бонкоматҳо боздошт ва бозпурсӣ мешаванд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап, кормандони пулис онҳоеро боздошт ва бозпурсӣ мекунанд, ки дар назди бонкоматҳо навбат меистанд. Ҳамчунин дар муассисаҳои давлатӣ ба кормандон таъкид мешавад, ки дар назди бонкоматҳо «нанамоянд».

Ба гуфтаи хабарнигор, ин иқдом пас аз танбеҳи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба раиси Бонки марказии ин кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

Бердимуҳаммадов 19 август дар як ҷаласа гуфт, ки «дар муассисаҳои молӣ маблағ ба таври кофӣ мавҷуд аст». Вай афзуд, агар назорати доим аз болои кори бонкоматҳо анҷом шавад, ҳеч мушкиле намемонад. Ӯ дар ин робита ба раиси Бонки марказӣ Мардон Аннадурдиев барои бе назорат мондани кори бонкоматҳо танбеҳ эълом кард.

Буҳрони норасоии маблағ дар бонкоматҳои он кишвар беш аз ду сол ин ҷониб идома дорад. Мунтазам маҳдудият ҷорӣ мешавад ва дар саросари он кишвар одамон пушти бонкоматҳо навбатпоӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *