Дар Туркманистон бензин камёфт шуд
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилоятҳои Туркманистон бензин вуҷуд надорад.
“А-92 ва А-95 умуман мавҷуд нест, дар бархе аз нуқтаҳои фурӯш танҳо бензини навъи А-80 пайдо кардан мумкин аст. Сӯзишвории дизелӣ ҳам ёфт намешавад. Камбуди сӯзишворӣ то он ҳад эҳсосшаванда аст, ки ҳатто роҳҳо аз мошин холӣ шудаанд» – мегӯянд сокинон.
Дар пасманзари камчинӣ ва фурӯши бензини бесифат бисёре аз ронандаҳо аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки барои бисёриҳо мошин ягона манбаи даромад аст.
Дар Туркманистон сар аз моҳи феврали соли 2018 инҷониб мушкили дарёфти сӯзишворӣ идома дорад. Он замон сӯзишворӣ дар он кишвар якбора гарон шуда ва дар нуқтаҳои фурӯш навбатпоиҳои тӯлонӣ ташкил шуд. Бисёре аз ронандаҳо бензинро барои захира мехариданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ