Дар Туркманистон соҳибони дронҳо ҷарима мешаванд

Дар вилояти Лебапи Туркманистон кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандонеро бозпурсӣ ва ҷарима мекунанд, ки дрон ё худ ҳавопаймои бесарнишин доранд.

«Агар фаҳманд, ки шаҳрванде дрон дорад, ӯро ба бозпурсӣ даъват карда, баъзан зиддаш парвандаи ҷиноӣ низ боз мекунанд. Чанде пеш соҳиби як студияро даъват карданд, ки тӯйҳоро ба навор мегирад. Вайро ҳамчун шахсе бозпурсӣ карданд, ки ба амнияти давлат хатар дорад. Аз вай пурсидаанд, ки дронро бо кадом мақсад истифода мебарад, дар вилоят боз кӣ дрон дорад ва онҳоро ба кишвар кӣ меорад» – мегӯянд сокинони маҳаллӣ.

Гуфта мешавад, ворид кардани чунин дастгоҳҳо ба Туркманистон манъ буда, барои он ҷазое муқаррар шудааст, ки қонунгузорӣ ба қочоқчиёни силоҳ пешбинӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир соҳибони онҳоро аз 1000 то 3000 манат ҷарима доранд. Ҳамчунин огоҳ низ мекунанд, ки агар бори дувум ба даст афтанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб хоҳанд шуд (қурби расмии 1 доллар 3,5 манат аст)».

Яке аз кормандони пулиси вилояти Лебап ба шарти ифшо нашудани номаш сабаби пурзӯр шудани назорат аз болои соҳибони дронҳоро шарҳ дод. «Дар ҳоли ҳозир мақомоти туркман нигаронанд, ки касе навбатпоии сокинон барои ғизоро дар назди фурӯшгоҳҳо акс ё ба навор гирифта, оммавӣ мекунад», — изҳор дошт вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *