Дар Украина шаҳри Владимир пайдо шуд

Бино ба иттилои «Рамблер», Радаи Олии Украина қарор баровард, ки шаҳри Владимир-Волинскийи вилояти Волинский ба Владимир табдил дода шавад. Вакилон тавзеҳ доданд, ки ин кор қаблан сурат нагирифтааст, то нуқтаи аҳолинишинро бо Владимири русӣ омехта насозанд.
Дар қарори рӯзи чоршанбе қабулшуда гуфта мешавад: «Радаи Олӣ тасмим гирифт, ки шаҳри Владимир-Волинскийи вилояти Волинский ба шаҳри Владимир табдил дода шавад».
Дар тавзеҳи лоиҳаи қарор гуфта мешавад, ки тағйири ном бо ташаббуси сокинони шаҳр ба хотири баргардонидани номи таърихӣ ба маҳаллаи аҳолинишин сурат гирифтааст.
«Дар соли 1795 тибқи созишнома шаҳр ба ҳайати империяи Русия дохил шуд. Маҳз пас аз ин ҳамроҳшавӣ шаҳр ба номи худ иловаи «Волинский»-ро гирифт. Ин тасмим бо зарурати фарқ кардани шаҳри Владимир аз шаҳри русии Владимир-дар-Клязма асоснок карда шуд»,- омадааст дар тавзеҳот.
Бояд гуфт, ки аҳолии шаҳри тағйири номшудаи Украина ҳудуди 38 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *