Дар Ваҳдат марде бародари худро бо корд зад
Дар шаҳри Ваҳдат марди 35-солае бародари худро бо корд захмдор кардааст.
Дар ин бора ВКД-и кишвар хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса дар манзили истиқоматии бародарон, дар пайи муноқишаи оилавӣ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ҷабрдида марди 37 — солаи сокини ҳамин шаҳр буда, ҳангоми баҳс аз дасти додари худаш, аз қисмати пушташ бо корд захмдор шудааст. Дар натиҷа бародараш ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморҳона бистарӣ мебошад.
Доир ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ