Дар Варзоб кӯҳпора канда шуд. Талафоти ҷонӣ нест

Бино ба гузориши бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб субҳи дирӯз, 7-уми декабр соати 07:32 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар мавзеи Тагоб, гардиши Сафедораки ноҳияи Варзоб дар роҳи аҳамияти маҳаллидошта кӯҳпора фаромадааст.

— Барои бартараф кардани пайёмадҳои ин ҳодиса техника ва кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса ягон талафоти ҷониву хисорати дигар ба қайд гирифта нашудааст,- меафзояд манбаъ.

Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки дар натиҷаи бориши барфу борони рӯзҳои гузашта ҳамоно дар роҳҳои кӯҳии кишвар хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст ва аз сокинону меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, то ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *