Дар вилояти Хатлон 40 нафар ғарқ шудаанд

Муҳаммадзода Ҷамшед, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон имрӯз, 9-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2020-ум дар вилоят 17 нафар ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо ғарқ шудаанд. Вале шумораи ғарқшудаҳо дар соли 2021-ум ба 40 адад расидааст.

Ӯ афзуд, ки аз шумораи умумии ғарқшудаҳо то 15-сола даҳ нафар, аз 11 то 18-сола нуҳ нафар, аз 19 то 50-сола 15 кас ва аз 50-сола боло як нафар мебошанд.- Мутаассифона, як сокини ғарқшударо пайдо карда натавонистем,- таъкид кард вай.

Зикр шуд, ки бештар сокинони шаҳри Норак ва ноҳияи Кӯшониён ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳҳо ғарқ шудаанд. Набудани ҳавзҳои махсуси шиноварӣ ва оббозӣ дар ҷойҳои хатарноку номуайян барои шиноварӣ яке аз сабабҳои асосии ғарқшавии сокинон гуфта шуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *