Дар вилояти Хатлон никоҳ зиёду талоқ кам шуд
Соли сипаригардидаи 2023-юм дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 502 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Ин нишондод нисбат ба соли 2022-юм 1 ҳазору 105 ҳолат кам мебошад.
Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон дар нашасти хабарӣ гуфт, ки талоқ соли гузашта хеле кам шудааст.
Ӯ мегӯяд, мутаассифона, дар соли 2022-ум бекоркунии ақди никоҳ 3 ҳазору 607 ҳолатро ташкил мекард. Бо баланд кардани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва зиёд кардани вохурӣ бо онҳо талоқ коҳиш ёфт,-таъкид кард вай.
«Соли 2023-юм 27 ҳазору 264 ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1 ҳазору 868 ҳолат зиёд аст. Бекоршавии ақди никоҳ бошад дар соли 2023-юм 2 ҳазору 502 ҳолат аст»,-гуфт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ