Дар вилояти Хатлон «Зол ва Рудоба» намоиш дода шуд

Дар Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар нахустин маротиба намоишномаи саҳнавии “Зол ва Рудоба” баргузор гардид.

Намоишномаи мавриди назар аз рӯйи яке аз достонҳои ҳамноми асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” таҳия шуда, онро коргардон Қурбонзода Баҳром ба саҳна гузоштааст. Намоишнома аз ҷониби дӯстдорон ва ҳаводорони театр хуб пазируфта шуд.

Дар нақши Зол — Фирдавси Турдиалӣ, Рудоба — Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр — Саидзода Отахон, шоҳ Сом — Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт — Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон — Азизҷон Сайфуллоев ҳунарнамоӣ карданд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон пас аз тамошои намоишнома ба нақшофарии ҳунармандон баҳои баланд дода, гуфт, ки таҷассуми таъриху фарҳанги пурифтихори миллат дар намоишномаҳои театрӣ яке аз василаҳои муаррифии он ба мардум, махсусан ба насли наврасу ҷавон мебошад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *