Дар ВМКБ боз як нерӯгоҳ месозанд
Дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон станцияи электрикии обии (ГЭС) «Чорсем» бо иктидори 14 мегаватт сохта мешавад. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии Чорсем, байни ҶСК «Помир Энержи» ва ширкати консалтингии Швейтсария «Gruner Stucky» созишнома ба имзо расид.
Нерӯгоҳи барқи обии Чорсем, барои пайваст кардани шабакаи алҳол ҷудошудаи ноҳияи Мурғоб ба шабакаҳои асосии энергетикии Помир замина фароҳам меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ