Дар ВМКБ сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст
Дар ВМКБ 38,3% ҷинояткорӣ кам шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода изҳор дошт.
Чунин омор дар ин вилоят охири соли 2023 сабт шудааст.
«Ин аввалин дастоварди ҳуқуқӣ дар оғози соли нав аст», — таъкид мекунад раёсати ВКД дар ВМКБ.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти пешниҳодкардаи раёсат, сатҳи ошкоршавии парвандаҳо ба 91,4% расидааст.
«Содир намудани ҷиноятҳои вазнин 77,1% ва кирдорҳои ғайриқонунӣ дар ҳолати мастӣ 45,5% кам шудааст», — гуфтааст генерал Назарзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ