Дар як рӯз 100 000 бинанда. Қаҳрамонҳо фаромӯш намешаванд
Мо дар арафаи 76-солагии ғалаба бар фазишм ба дидорбинии яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдулазиз Қодиров ба ноҳияи Шаҳринав рафтем ва дар муддати 24 соат видеои суҳбати мо бо эшон зиёда аз 100 ҳазор маротиба бозбинӣ шуд, ки ин далели фаромӯш нашудани қаҳрамонҳоямон мебошад.
Видеои суҳбатро ин ҷо дида метавонед:
Абдулазиз Қодиров кист?
Абдулазиз Қодиров пас аз хатми мактаби деҳа ба техникуми омӯзгорӣ дохил мешавад. Он солҳо таҳсил яксола буд. Соли 1938 ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ мекунад. Соли 1939 ӯро ба аскарӣ даъват мекунанд. Баъди машқҳои чандмоҳа аскаронро ба ҷанги зидди Финляндия мебаранд.
Соли 1941 Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз мешавад ва Абдулазиз Қодировро дар қатори садҳо ҷанговар ба ҷанги навбатӣ мебаранд. Ӯ дар шаҳрҳои Керч, Севастопол, Одесса ва Симферопол мардонавор бар зидди фашистони немис меҷангад.
“Ман дар ҷабҳа тирандоз будам. Муҳорибаҳои ҷангӣ пуршиддат идома мекарданд. Баъзан вақт чандин рӯзу шаб аз хандақҳо баромада наметавонистем. Агар аз хандақ бароем, самолёти немис моро бомбаборон мекард. Аз дохили ҳамин хандақҳо ман се самолёти душманро зада афтондам” – бо ифтихор нақл мекунад, ӯ.
Мо аз ӯ чӣ тавр афтонидани самолёти душманро пурсидем, ӯ ҷавоб гуфт:
— Ман снайперист будам. Дар снайпери ман предмети ба нишонгирифташуда даҳ баробар калону даҳ баробар наздик вонамуд мешуд. Дар чунин шароити техникӣ ба ман муайян шуд, ки он корро кунам”.
Ӯ аз майдони ҷанг зуд-зуд ба падару модараш нома менавишт ва аз саломатии худ онҳоро хабардор мекард ва волидонаш аз фарзанди босавод доштану ғамхорашон ба худ меболиданд. Вале дар як ҳамлаи мусаллаҳона ҷароҳати вазнин бардошт ва тақрибан 6 моҳ беному нишон гашт. Дар ин муддат аз майдони ҷанг эълон карданд, ки Аюдулазиз Қодиров қаҳрамонона дар роҳи Ватан ҳалок гардид ва хати сиёҳашро ба дасти параду модараш доданд.
Ӯ худаш ин ҳодисаро чунин нақл мекунад:
— Ҳангоми ҷанг дар ноҳияи Камеланами Симферопол аз ду дасту як поям захмӣ шудам. Чанд вақт беҳуш хоб меравам. Маро мурда пиндошта гузашта мераванд ва ба хонаамон хати сиёҳ мефиристанд, ки фарзанди шумо се самолёти немисро тарконида, мардонавор ҳалок шуд.
Хабари марги ӯ дили модару падаррро садпора кард. Аҳли оила маросимҳои ҳафту бисту чилашро доданд ва умедашонро ба якборагӣ канданд.
Идомаи қиссаро бобо Абдулазиз чунин нақл мекунад:
“Чанд муддат беҳуш будам, як вақт аз садои омадани аробаро шунидам. Бедор шуда дидам, ки дар паҳлӯям як ҷанговари ҷавони рус беҳуш хоб аст. Ҳис кард, ки ӯ ҳам зинда аст. Ароба равон буд. Чашмамро кушода аз марде, ки моро мебурд пурсидам:
-Моро ба куҷо мебарӣ?
-Ман шуморо то назди поезд мебарам, пас ба ягон беморхона бурда табобататон мекунанд.”
Аробакаш онҳоро ба назди поезд мерасонад. Поезд беморонро ба Керч меорад. Захмиёнро дар он ҷо се моҳ табобат мекунанд. Пас ба воситаи пароход ба шаҳри Сочи меоранд. Чунки дар Керч ярадорон хеле зиёд мешаванд. Дар ин ҷо ҳам се моҳ табобат мекунанд. Дасти рост ва пойи рости Абдулазизро гаҷбандӣ (гипс) мекунанд. Ӯро ба Боку меоранд. Баъди чанд вақт 12 вагон ярадорро чорвагонӣ ба се шаҳр тақсим мекунанд. Чор вагонро ба Тошканд, чор вагонро ба Ашқобод ва чор вагони дигарро ба Қаршӣ. Абдулазизро ба Қаршӣ оварданд.
Дар натиҷаи табобатҳои пайдарпай дасти рости Қодиров сиҳат мешавад. Гаҷбандиро мекушоянд. Ӯ фикр кард, ки дер боз ба хона нома нанавиштааст, бинобар ин ба падару модараш мактуб менависад…
“Баъди чанд рӯзи мактуб фиристоданам падарам модарам, додарам ва амакҳоям ба дидорбиниам омаданд. Онҳо зор-зор мегиристанд, ман ҳаёрон будам. Баъдан фаҳмидам, ки онҳо кайҳо маро мурда гумон мекардаанд” – мегӯяд бобои Абдулазиз.
Баъди табобат гирифтану шифо ёфтан Абдулазиз ба деҳа баргашт ва касби омӯзгориашро давом дод. Баъди шаш моҳ боз даъватнома барои ҷанг рафтан омад. Ин вақт фармони И.В. Сталин баромада буд, ки омӯзгорон ба ҷанг нараванд, чунки дар ақибгоҳ муаллимон намерасиданд.
Абдулазиз соли 1957 факултаи географияро дар Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ғоибона хатм намуд. Баъдан соли 1961 факултети таърихи ҳамин донишгоҳро ғоибона хатм кард. Соҳиби ду маълумоти олӣ гардида, 47 соли умри бобаракати худро сарфи донишомӯзии хонандагон кард. Дар давоми ин солҳо садҳо шогирд аз ӯ сабақ омӯхтанд. Соҳиби унвони «Аълочии маорифи ҶТ» мешавад. Соли 1989 ба нафақа мебарояд.
Ҳоло Абдулазиз Қодиров ба синни мубораки 102 расидааст. Дар хона бо аҳлу оила даврони пирӣ меронад. Аз зиндагии дирӯз ва имрӯзи худ розист.
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ