“Дар як рӯз аз 200 то 400 сум меёбам.” Боздошти ду маъюби сохтакор.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду нафар хабар дод, ки онҳо худро ҳамчун маъюб вонамуд карда, дар роҳи мошингарди ҳудуди пойтахт ба талбандагӣ машғул будаанд. Дар асл онҳо ҷисман солим буда, мақсадашон бо ин роҳ ба даст овардани маблағ будааст.
Аз ҷумла шаҳрванд Табаров Ҳайдар соли таввалудаш 1966 сокини шаҳри Ҳисор худро маъюб нишон дода, бо аробаи маъюби дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе ба талбандагӣ машғул мешудааст.
Номбурда мегӯяд, ки рӯзи кориаш аз 200 то 400 сомонӣ буда маблағро барои пешбурдӣ рӯзгораш истифода мекардааст.
Навор ва шарҳи бештари мавзӯ: https://t.me/pressatjk
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ