Дар як шаб нархи 1 доллар 27 дирам боло рафт

Бонки миллии Тоҷикистон нархи 1 доллари амрикоиро 9 сомонию 70 дирам муқаррар кард. Рӯзи гузашта ин рақам 9 сомонию 43 дирамро ташкил медод.

Бонки миллии Тоҷикистон дар баёнияи “Тафсири сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2019”, ки рӯзи 20 август дар сомонаи ин бонк мунташир гардид, далели ин иқдомро шарҳ додааст.

Дар ин баёния ҳадафи иқдоми болобарии нархи доллар нисбати сомонӣ  аз байн бурдани фарқияти зиёд миёни қурби расмии доллар аз қурби он дар бозори сиёҳ арзёбӣ шудааст.

Дар баёния омадааст: “Новобаста аз тағйирёбии муътадили қурби расмӣ дар ин давра, норасоии доллари нақди амрикоӣ дар бозори дохилӣ ва чун натиҷа баланд гардидани қурби фурӯши он дар бозори ғайрибонкӣ ба амал омад. Ҳолати мазкур талаботи доимии ба асъор ҷойдоштаро зиёдтар гардонида, ба ҳаннотон ва дигар манфиатдорон имконияти афзун гардонидани фишорҳои қурбӣ ва тезонидани раванди беқурбшавии сомониро муҳайё сохт”.

Поинравии қурби сомонӣ дар соли 2014 таҳти таъсири буҳрони иқтисодӣ шурӯъ гардид ва дар тайи се сол қурби сомонӣ дар баробари доллар наздики 2 баробар поин рафт.

Бонки миллӣ ба хотири танзими бозори асъор чораҳое сахт рӯи даст гирифт ва нахуст ҳама саррофиҳои хусусиро баст ва танҳо ба бонк ва муассиаҳои қарздиҳӣ ҳаққи табодули асъор дод. Дар пай қонуни нави муомила бо асъори милливу хориҷӣ қабул шуд, ки аз рӯи он ба касоне, ки ғайриқонунӣ ба табодули асъор машғул мешаванд, ҷазоҳои сахти то 9 соли ҳабс пешбинӣ мекунад.

Даҳҳо нафар саррофон зимни ивази ғайриқонунии асъор бадастафтода ҷарима ва зиндонӣ шуданд. Ин чораҳо ба хотири мустаҳкам кардани қурби пули миллии тоҷикӣ ва ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ рӯи даст гирифта шуданд. Вале ин ҳама норасоии асъори хориҷиро аз байн набурд ва ҳоло ҳам бонку саррофиҳои расмӣ доллару евроро ба табодули озод бо сомонӣ нагузоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *