Дар як сина ду ҷон. Як шеъри навпайдои Иосиф Брагинский

Иосиф Брагинский (1905-1989) яке аз чеҳраҳои мунири шарқшиносии Шӯравӣ аст, ки умри хешро сарфи таҳқиқи адабиёти форсу тоҷик кардааст. Ӯ дар даврони шӯравӣ шуҳрати зиёде дошт, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва аз худ осори мондагори илмӣ мерос гузошт. Вале кам касон медонанд, ки Иосиф Брагинский ба забони форсӣ ҳам шеър мегуфт…

Доктори илми филологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино Иосиф Брагинский дар шаҳри Киев таваллуд шуда, кӯдакиву наврасӣ ва як бахши ҷавониаш дар шаҳри Боку — пойтахти Озарбойҷон гузаштааст. Камолоти ӯ ба замони дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар Озарбойҷон рост омад, бинобар ин, ӯ аз ҷавонӣ ба ғояҳои Ҳизби коммунист майл пайдо кард. Ҳамин дилбастагӣ ӯро ба Маскав овард.

Иосиф Брагинский соли 1931 Донишкадаи шарқшиносии Маскавро хатм карда, дар он ҷо забонҳои форсӣ ва арабӣ меомӯзад. Бинобар ин, вақте ба ӯ пешниҳоди кор дар ду кишвари Осиёи Марказӣ — Қирғизистон ва Тоҷикистонро мекунанд, ӯ Ватани Рӯдакиро интихоб мекунад. Аз соли 1933 ӯ дар вазифаҳои сардори шуъбаи сиёсии совхози «Данғара», мудири шуъбаи тарғиботи КМ ПК (б) Тоҷикистон, муҳаррири моҳномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «В помощ партработнику» кор кардааст. Солҳои 1940-1952 дар Артиши шӯравӣ сардори бахши сиёсии воҳидҳои низомӣ буд. Аз аз соли 1952 ба Институти шарқшиносии АИ ИҶШС баргашт ва як умр ба корҳои илмӣ банд шуд.

Бештари таҳқиқоти Иосиф Брагинский ба таҳқиқи таърихи адабиёт ва фарҳанги тоҷику форс бахшида шудааст. Доираи таҳқиқи ӯ аз “Авасто” оғоз шуда, то адабиёти садаи XX идома меёбад. “Садриддин Айни: Материалы к биографии и творческой характеристике” (1948),

“Из истории таджикской народной поэзии” (1956), “Очерки из истории таджикской литературы” (1956), “Жизнь и творчество Садриддина Айни” (1959), “Персидская литература: Краткий очерк” (1963), “Из истории персидской и таджикской литератур” (1972), “Проблемы творчества Садриддина Айни” (1974), “Исследования по таджикской культуре” (1977), “От Авесты до Айни: (Исследования по истории таджикской литературы)” (1981), “Абу Абдаллах Джафар Рудаки” (1989) муҳимтарин таҳқиқоти Иосиф Брагинский мебошанд.

Дар мавриди арзиши осори Иосиф Самойлевич Брагинский метавон зиёд ҳарф зад, балки дигарон ҳам дар ин хусус зиёд навиштаанд, бинобар ин, аз такрори он худдорӣ менамоем. Муроди мо дар ин қаламӣ муаррифӣ кардани як шеъри ин олими забардаст аст, ки бо забони тоҷикӣ дар пайравӣ ба қасидаи машҳури Рӯдакӣ — “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме” навишта шудааст.

Аҳли таҳқиқ медонанд, ки шоҳкори устод Рӯдакӣ “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён” ҳанӯз аз замони таълиф шуданаш мавриди истиқболи гарми шоирон қарор гирифта, аз он рӯзгорон то ба имрӯз даҳҳо суханвар дар пайравӣ ба он шеър гуфтаанд. Аз ҷумла, Амир Муиззӣ, Ҳаким Саноӣ, Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ), Сайфи Фарғонӣ, Адиб Шаҳобиддин Вассоф, Ҳофизи Шерозӣ, Сипандии Самарқандӣ, Шиблии Нуъмонӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҳушанги Соя, Нодири Нодирпур, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Ашрафӣ, Озари Бекдилӣ ва ғайра.

Академик Абдулғанӣ Мирзоев менависад: “Дар қаламрави собиқи забони дарии форсӣ, ки ҳудуди он аз хоки Туркияи усмонӣ сар карда то сарҳади Чин ва Туркистони Шарқӣ ва аз Самарқанд сар карда то Деҳлӣ ва Банғола сарзаминҳои васеъро дар бар мегирифт, тақрибан мамлакатеро пайдо карда наметавонем, ки аз шоирони номии он ҷо шоири забардасте дар пайравӣ аз ин шеъри устоди сухан табъозмоӣ накарда бошад”.

Иосиф Брагинский ҳам муҳаббати хешро ба ду халқ — тоҷик ва озарӣ дар пайравӣ ба шеъри устод Рӯдакӣ баён кардааст. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки “Боку ишқи ман аст!” ва “Тоҷикистон — зиндагии ман!”. Бинобар ин, ӯ дар шеъре, ки худаш онро “Дар як сина ду ҷон” номидааст, муҳаббаташро бо ба ҳам овардани ду халқи барояш азиз ифода кардааст.

Мавҷудияти ин шеър то ба имрӯз ба аксарият маълум нест. Аслан, бисёриҳо, ҳатто онҳое, ки Брагинскийро мешинохтанд, низ аз шеърнависии ӯ хабар надоштанд.

Соли 2018 бахшида ба 200-солагии Институти шақшиносии Академияи улуми Русия “Зиндагии шарқшинос” ном китоби Виктор Файн ба нашр расид. Ин китобро муаллиф дар ҳамкорӣ бо фарзандони Иосиф Брагинский — Ленина, Майя ва Владимир дар заминаи омӯхтани архиви олим таълиф кардааст. Нусхаи ин шеър аз архиви Иосиф Брагинский пайдо ва акси он дар китоби фавқуззикр нашр шудааст. Мутаассифона, соли таълифи шеър маълум нест, вале он дар ду нусха маҳфуз аст — тоҷикӣ ва русӣ.

Варианти тоҷикии шеър бо алифбои арабиасоси форсӣ навишта шуда, пас аз сарлавҳа як ҷумла аз Гёте бо забони асл, яъне олмонӣ эпиграф оварда шудааст. Ин ҷумла “Zwei Seelen wohnen, ach, in meiner Brust” аз дараммаи фалсафии “Фауст”-и Гёте буда, тарҷумаи тоҷикиаш “Дар қалби ман ду руҳ зиндагӣ мекунанд” мебошад.

Дар варианти русии шеър, ки онро низ эҳтимол худи муаллиф анҷом додааст, шеър каме тағйир ёфтааст. Муаллиф зимни тарҷума “ёди Инқилоби сурх”-ро аз шеър баровардааст.

Ин шеър гарчанде баланд набошад ҳам, вале ифодакунандаи меҳру муҳаббат ва ишқу алоқаи шарқшиноси бузург Иосиф Брагинский ба забони тоҷикӣ ва мардуми тоҷик аст. Ҳар ду варианти шеърро пешкаши шумо мекунем.

Дар як сина ду ҷон

Zwei Seelen wohnen, ach, in meiner Brust

Боди шаҳри ҷону ҷон ояд ҳаме,

Ёди Бокуи муғон ояд ҳаме.

Не муғон бал ёди Инқилоби сурх,

Андаруни қалби ҷон ояд ҳаме.

Руҳи тоҷикон маро мепарварид,

Турки Боку сафкунон ояд ҳаме.

Турку тоҷик эй шумо якҷо шавед,

Синаамро ин ду ҷон ояд ҳаме.

***

Ах, две души живут в моей груди!

(Гёте)

Ветерок благоуханный к нам доходит,

Весть о граде богоданном к нам доходит,

Нет, Баку — не город магов Заратуштры,

С ним ведь образ стягов родных к нам доходит,

Знаю, дух таджиков пестовал меня,

Глядь, бакинский тюрок рьяно к нам подходит!

Тюрка и таджика души в грудь мою входят,

Обе дружно, как ни странно, входят.

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *