Дар як сол 1989 нафар дар ноҳия ҷон бохтанд. Чаро?
САҲШ омори таваллуд ва фавтро дар манотиқи шимолии Тоҷикистон тайи соли 2021 эълон кард.
Дар вилояти Суғд соли сипаришуда 56 064 навзод таваллуд шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли 2020 камтар аст.
Бар тибқи хабарномае, ки ба дасти Sputnik Тоҷикистон расид, дар вилояти Суғд аз нуктаи назари таваллуд ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешсаф аст. Дар ин ноҳия тайи соли гузашта 7 893 кӯдак ба дунё омадааст.
Аз натиҷаи фавт ноҳияи мазкур низ пешсаф буда дар як соли сипаришуда 1989 нафар бо сабабҳои гуногун ҷон аз даст додаанд. Ногуфта намонад, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сераҳолитарин ноҳияи вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Таваллуд ҳамзамон дар ноҳияҳое мисли, Панҷакент, Истаравшан, Исфара низ зиёд буда, дар як соли гузашта 6 488 панҷакентӣ, 6278 кӯдак дар Истарафшан ва 4 242 исфарагӣ ба дунё омадааанд. Аммо дар муқоиса ба соли 2020 таваллуд дар ин шаҳру ноҳияҳо низ рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст. Минтақае, ки камтарин таваллуд дар он ҷо сабт шудааст, ин шаҳри Истиқлол буда, ҳамагӣ 204 нафар навзод таваллуд шудааст.
Аз лиҳози таваллуд шаҳри Хуҷанд миёни дигар навоҳию шаҳрҳои вилояти Суғд дар ҷойи шашум қарор дорад, вале аз ҳисоби фавт пас аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меистад. Дар Хуҷанд давоми як соли гузашта 1487 нафар фавтидаанд. Эҳтимол ин нишондод маҳз аз ҳисоби маризии коронавирус зиёд шудааст.
Камтарин ҳолати фавт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (74) сабт гардидааст.
Ин ниҳод қайд намудааст, ки соли 2021 дар вилояти Суғд ҷамъан 13 285 нафар фавтидаанд. Соли 2020 бошад, ин нишондод ба 13 932 нафар баробар буд.
Бино ба иттилои Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, дар соли гузашта 218 ҳазору 206 ҳолати таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Ин омор соли 2020 тақрибан баробар ба 239 ҳазор буд.
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои фавт низ коҳиш ёфта, соли 2021 ба 39 123 адад баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2020 ҳудуди 41 ҳазору 693 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда буд. Фавт дар соли 2021 ба 1176 маврид баробар буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ