Дар Якатут Зиёдаро бо гардани бурида ёфтанд

Ҷасади сокини 23-солаи деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Зиёда Аллаеваро рӯзи 21 ноябр бо гардани бурида аз як замини кишт дар деҳаи Яккатут пайдо кардаанд.

Бо гумони даст доштан дар ин куштор шавҳари собиқи ӯ Холмат Қурбонов боздошт шудааст. Дар ин авохир ҳодисаҳои қатли ҳамсарон бо дасти шавҳарон ба шиддат рӯ ба афзоиш овардааст.

Ҷасади Зиёда Аллаеваро рӯзи сешанбе, 21 ноябр аз як замини корам дар деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ пайдо кардаанд. Қотил гардани ин зани ҷавони ҳаманӣ 23-соларо бурида буд.

Як манбаи радиои «Озодӣ” дар вазорати дохила гуфтааст, ки бо иттиҳоми қатли Зиёда шавҳари собиқи ӯ Холмат Қурбонов дастгир шудааст.

Холмат Қурбонов як сол пеш ба Зиёда Аллаева издивоҷ кард, вале баъди ҳамагӣ 39 рӯзи зиндагӣ ӯро талоқ дода, зани нав гирифт. Аммо Холмат баъди чанде боз бо ҳамсари собиқаш робита барқарор карда, Зиёдаро барои худ зани дуюм кард.

Манбаи «Озодӣ” мегӯяд: «Ҳамсари аввалааш ва волидони ҷавон аз ин бохабар шуда, бо ӯ ҷанҷол мекунанд. Муносибаташ бо Зиёда низ чандон хуб набудааст. Ҳамеша дар заминаи рашк бо ӯ ҷанҷол мекардааст. Дар пурсишҳои аввал ин ҷавон гуфт, ба ҳадде расида буд, ки роҳи халосӣ аз мушкилотро дар қатли Зиёда дид.”

Қурбонбӣ Раззоқова, яке аз наздикони Зиёда гуфтааст, Холмат Қурбонов баъди ҷудо шуданаш аз Зиёда ҳам ӯро рӯз намедод ва намегузошт, ки зиндагиашро аз нав бисозад ва як шаб билохира Зиёдаро кушт: «Духтар қурбони бадҷаҳлӣ ва фиреби ҳамсари собиқаш шуд. Ҳама мегуфт, ки дигар робита бо ӯ маъно надорад, бояд дар фикри зиндагии нав бошӣ, вале бо ҳазор фиребу найранг Зиёдаро ба вохӯрӣ даъват мекард. Ҳозир маълум нест, ки чаро ӯро кушт. Фақат талаб дорем, ки ҷазои сазовор диҳанд.”

Дар моҳҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи дучори ҳамлаҳои хушунатомези шавҳаронашон қарор гирифтани ҳамсарон гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд. Ин хушунатҳо тақрибан ҳама дар пайи муноқишаҳои оилавӣ сар задаанд.

Аз ҷумла рӯзи 26 октябр духтури анастезеолог Иброҳим Камолов дар манзили истиқоматиаш дар шаҳри Ваҳдат ба сару рӯи ҳамсари собиқи худ бензин рехта ӯро оташ зад. Ин зан рӯзи 31 октябр дар шӯъбаи реаниматсияи бемористони шаҳри Ваҳдат ҷон дод.

Иброҳим Камолов ду сол пеш аз ин ҳамсараш, ки омӯзгори мактаб буд, ҷудо шуда буд ва додгоҳ хонаи истиқоматии ӯро ба зану фарзандонаш дода, шавҳари собиқро дар як ҳуҷраи ин хона маскун кард. Вале ба гуфтаи наздикони Камолов, ҳамсар ва хушдомани собиқашро ӯро дар ин ҳуҷра рӯз намедоданд ва дар ниҳоят ҷанҷолҳои хонаводагии онҳо бо фоҷиаи рӯзи 26 октябр анҷомид.

Рӯзи 2 окябр Абдулмаҷид Бердиев ном сокини 56-солаи деҳаи Чорбоғи Истаравшан ҳамсари собиқи 40-солааш Нигора Қулиеваро дар ҷои кораш – бозори Истаравшан бо корд зада кушт. Нигора Қулиева қаблан ҳамсари дуюми Бердиев буд ва дар бозори Истаравшан ба фурӯши ҷавоҳирот машғул буд. Аз ӯ ду фарзанд ятим монд.

Шаби 2 ба 3 октябр дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Кенҷабоев Фарҳод дар пайи хуруҷи бемории рӯҳӣ ҳамсараш Кенҷабоева Гулнозаро бо зарби теша кушта, баъдан худашро дар оғил ба дор овехт.

Шаби 5 октябр Абдураҳмон Бадиев, сокини 71-солаи деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар дар пайи як муноқишаи оилавӣ ҳамсари 45-солааш Шакармоҳ Бадиеваро 5 корд ва духтари 16-солааш Ҳадиса Бадиеваро 4 корд зад. Мӯйсафед баъди ин худро дар як дарахт дар боғи хонааш ба дор овехта, худкушӣ кардааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 4 октябр додгоҳи ноҳияи Хуросон Улуғбек Тошпӯлодович Дусановро бар асоси қисми якуми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (куштор) ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Улуғбек Дусанов ба он айбдор дониста шуд, ки «ӯ бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани собиқ ҳамсараш Аннақулова Раҳима Норбоевна, санаи таваллудаш 27 июли соли 1964, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, деҳаи Деҳқонобод29 июли соли 2017 тахминан соати 900дақиқа ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 воқеъ дарноҳияи Хуросон, деҳаи Ҳосилот омада, ба утоқи кории директори муассиса даромада, ҳамсараш Аннақулова Раҳимаро бо корди дар дасташ буда чор маротиба ба қисми қафаси сина, шикам ва пушташ задааст.”

Дар натиҷа, Раҳима Аннақулова аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ҳамчунин додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи апрел сокини 35-солаи ноҳияи Нуробод М. Шариповро барои қатли бераҳмонаи ҳамсари 29-солааш ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Шарипов барои як нофаҳмии дар асл хеле ночиз — танҳо барои онки ҳамсараш М.М.Саидова «бе иҷозат” мехост ба хонаи волидонаш биравад, ӯро бо табар куштааст. Бино ба ҳукми додгоҳ, М.Шарипов «дар ғазаб шуда, дар фарши ошхона табарро, ки барои иҷрои корҳои хоҷагидорӣ нигоҳ дошта мешуд, дида бо мақсади амалӣ намудани ин нияти ҷинояткоронааш, бо дасти чапаш аз гиребони Саидова М.М. сахт дошта, аз замин бо дасти росташ табарро гирифта, қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани охирон, бо бераҳмии махсус якчанд маротиба ба қисматҳои гуногуни сари завҷааш Саидова М.М. зарба задааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 26 август як марди 43-солаи сокини ҷамоати Сешанбеи Турсунзода дар ҳолати мастӣ ба қафаси синаи ҳамсари 34-солааш бо корди хоҷагӣ як зарба зад. Зани захмиро ба бемористон бурданд ва шавҳари бадҷаҳлро боздошт карданд. Рӯзи 26 сентябр як сокини 51-солаи ҷамоати Тӯйчиеви Турсунзода низ дар ҳолати мастӣ ба шиками ҳамсари собиқаш як корд зад. Зани бечора дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *