Дар яке аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати нақлиёт се моҳ маҳдуд мешавад
Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт тақрибан се моҳ манъ карда мешавад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як қарори дахлдори шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ хабар додааст. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, ин роҳ бо сабаби таъмир баста мешавад ва аз санаи 29ум то 20 августи соли равон ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан манъ хоҳад шуд.
Дар асоси қарори мазкур Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе масъул шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилиро, ки дар кӯчаи Шамсӣ мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ