Дар  ЮНЕСКО 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ  таҷлил мешавад

Моҳи июни соли равон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 700 — солагии шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ таҷлил хоҳад шуд.

Дар ин бора Сироҷидин Муҳридин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт.

Сироҷиддин Муҳриддин, ки ҳамчунин Раиси миллии комиссияи Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО аст, аз таҷлили бошукӯҳи 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Париж, дар соли 2024 ёдовар шуда гуфт, ки моҳи июни соли 2025 таҷлили бошукӯҳи 700- солагии Ҳофизи Шерозӣ дар назар аст.

«Дар доираи ин ҷашнвора, ҳамоиши илмӣ, барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз», барномаи Шашмақомхонӣ, намоиши дастхатҳо ва консерти Оркестри симфонӣ дар назар аст»,-таъкид дошт  Сироҷиддин Муҳриддин.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image