Дар Ӯзбекистон 100 000 сӯма бароварданд
Бонки марказии Узбекистон (БМУ) тавассути саҳифаи худ дар Telegram хабар дод, ки сар аз 25 феврал дар ин кишвар пули нави 100-ҳазорсӯмӣ ба муомилот мебарояд.
Ба огаҳии бонк, пули 100-ҳазорсӯмӣ ба донишманди маъруфи ӯзбек Мирзо Улуғбек ва дастовардҳои ӯ дар бахши ситорашиносӣ бахшида шудааст.Дар канори чапи пул расми муҷассамаи Мирзо Улуғбек тасвир гаштааст. Ҳамчунин дар он бо ранги сабз унсурҳое наққошӣ шудаанд, ки шахсони нобино метавонанд ба воситаи онҳо ҳаҷми пулро муайян кунанд.Ёдрас мешавем, БМУ 15 январи соли равон хабар дода буд, ки Сенати Маҷлиси олии Узбекистон тарҳи пули 100-ҳазорсӯмиро тасдиқ кард. Мақомоти узбек он замон гуфтанд, ки пули нав ба хотири осон кардани кори сокинон ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ ва интиқоли нақдина ба муомилот бароварда мешавад.Вале чанд рӯз пас аз ин хабари БМУ манобеъ гуфтанд, ду дастгоҳи нашри асъори миллӣ дар ин кишвар шикастаанд ва эҳтимол дорад, пули нав нашр нашавад. Ба гуфтаи як манбаи огаҳ, дастгоҳҳо ба далели қатъи пайдарпайи нирӯи барқ корношоям шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ