Дар Ӯзбекистон чӣ қадар тоҷик ҳаст?

 

4,8 дарсади аҳолии Узбекистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ин нукта дар гузориш оид ба вазъи демографии Кумитаи давлатии омори Узбекистон таъкид шудааст. 

Ин дар ҳоле, ки бино ба омори соли 1991 ҳам 4,8 дарсади аҳолии он кишварро тоҷикон ташкил медодаанд.

Дар гузориш омадааст, давоми 26 соли ахир аҳолии Узбекистон 11,5 миллион ё якуним баробар бештар шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2017 аҳолии Узбекистон 32,1 миллион нафар ҳисоб шудааст.

Ба иттилои бахши узбекии “Спутник”, агар соли 1991 — 72,8 дарсади аҳолии ин кишварро узбакҳо, 2,1% қарақалпоқҳо, 7,7 русҳо, 4,8 тоҷикон, 4,1 қазоқҳо, 2,0 тоторҳо, 0,7 укроинҳо ташкил медоданд, ба ҳолати 1 январи соли 2017 ин нишондод чунин аст: узбекҳо 83,8%, қарақалпоқҳо 2,2%, русҳо, 2,3%, тоҷикон 4,8 %, қазоқҳо 2,5%, тоторҳо 0,6% ва укроинҳо 0,2%.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *