Дар Ӯзбекистон занеро барои хукбониаш аз деҳа пеш мекунанд
Виолетта Куразова, сокини деҳаи «Маданият»-и вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистонро мехоҳанд барои хукбониаш аз деҳа биронанд.
Ба гуфтаи Виолетта, фаъолони маҳаллӣ ва кормандони пулис ба ӯ фишор оварда, талаб доранд, ки аз деҳа бикӯчад.
«Онҳо мегӯянд: ту дар хонаат хук дорӣ. Мо туро ором намегузорем. Ман аз он хотир хукбонӣ мекунам, ки ин даромади иловагӣ барои хонаводаи ман аст. Падарам дар деҳаи дигар ба сар мебарад, бояд дар рӯзҳои наздик назди мо кӯч бандад. Ҳоло мо дар назди хонаамон хукхона месозем. Мо аз замони кӯдакии ман дар хонаамон хук доштем. Рӯзамонро бо ҳамин мегузаронем. Қонунҳои Ӯзбекистон ҳам нигаҳдории хукро манъ накардаанд. Ман ҳам шаҳрванди Ӯзбекистонам», — мегӯяд Виоллета Куразова.
Сокинони деҳа бо ин зан ба ҷангу хархаша пардохта, сӯяш сангандозӣ мекунанд.
Бори нахуст дар бораи ин зан моҳи январи соли 2013 дар расонаҳо матлаб нашр шуда буд. Он замон ин зан дар майдони «Мустақиллик» ва наздикии қароргоҳи президенти ин кишвар дар Тошканд ҳамроҳ бо фарзандонаш дар маҷмуъ 11 эътироз барпо карда, талаб дошт, ки манзилашро ба ӯ баргардонанд.
Дар натиҷа Куразова тавонист, ки ба нисфи дархостҳояш бирасад: ба ӯ дар ивази манзили ғасбшудааш қитъаи замин доданд ва аъзои хонаводаашро дубора сабти ном карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ