Дар Женева гўшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар шаҳри Женеваи Швейтсария аз ҷониби ҳайати намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла “Скай-тур”, ки аз муваффақтарин ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бозори сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор меравад ва инчунин роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гўшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию куҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ тариқи варақаҳои иттилоотӣ ва видеороликҳо муаррифӣ гардидааст.
— Бояд гуфт, ки иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат ва муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ дар конфедератсияи Швейтсария ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба ин васила рушд намудани соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари куҳистон буда, 93 фоизи онро куҳҳо ташкил медиҳанд. Ин куҳҳои сарбафалаккашида бо зебоиҳои нотакрорашон дили садҳо сайёҳону куҳнавардонро дар саросари ҷаҳон тасхир намудаанд. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистонро бо ҷолибияти куҳҳо ва табиати назаррабояш «Швейтсарияи дуюм» дар минтақаи Осиёи Марказӣ ном мебаранд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ