Дар Зидеҳи Варзоб бинои нави таваллудхона ба истифода дода шуд (аудио)

Дар деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бинои нави таваллудхонаи деҳоти мазкур ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, таваллудхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазорат аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта шудааст.

Гуфта мешавад, ки таваллудхонаи мазкур аз 4 кат иборат буда, он бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.

— Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода зимни суханронӣ дар назди бинои таваллудхона сокинони ин деҳаро барои чунин рӯйдоди фараҳбахш табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар давоми солҳои охир чунин муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода  мешаванд ва ин раванд идома дорад. Дар навбати худ сокинони деҳоти Зидеҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин ғамхорӣ миннатдорӣ баён намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *