Дар зиндон гуфтугӯи видеоӣ ба роҳ монда мешавад

Зиндониҳо дар Узбакистон метавонанд аз ҳақи гуфтугӯи видеои бо наздиконашон бархурдор шаванд. Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат  Мирзиёев охири ҳафтаи гузашта  чанд санади ислоҳоти низоми зиндонҳоро имзо кард.

Санадҳо барномаи фаъолияти модерни маҳбасҳоро дар назар доранд ва пешниҳод шудааст, ки дар маҳбасҳо дастгоҳҳои замонавӣ насб шаванд.

Бар поияи ислоҳот қарор аст робитаи видеоӣ миёни Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, зербахшҳои ин ниҳод ва муассисаҳои ислоҳӣ ба роҳ монда шавад. Шавкат Мирзиёев иҷозат додааст, ки зиндониҳо аз ин дастгоҳҳо истифода баранд ва бо хонаводаҳои худ ба воситаи видео гуфтугӯ кунанд.

Нақшаи ислоҳоти техникии зиндонҳо, ки бояд то соли 2022 амалӣ шавад, гузаштани зиндонҳо ба низоми худтаъминкуниро дар назар дорад. Бо фармони дигар Мирзиёев муассисаҳои ислоҳиро аз 1 январи соли 2023 аз пардохти ҳама навъи андозҳо озод кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *