Дар зиндон маҳбусро куштанд

Як зиндонӣ дар маҳбаси «АП-162/4»-и шаҳри Павлодари Қазоқистон кушта шуд. Дар ин бора департаменти зиндонҳои вилояти Павлодари Қазоқистон хабар дод.

Ҳодиса 8 майи соли равон рух дода, вале ҷабрдида, ки барои таҷовузи ноболиғе маҳкум ба зиндон шуда буд, барои кумаки тиббӣ ба табибони маҳбас муроҷиат накардааст. Дар натиҷа ӯ 9 май бар асари захмҳои бардоштааш дар утоқи худ ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, маҳбуси 44-сола, ки барои куштор адои ҷазо мекунад, дар натиҷаи як муноқиша ба маҳбуси дигар зарари ҷисмонии марговар расонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *