Дар зиндонҳои Қирғизистон 80 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар зиндонҳои ин кишвар ҳаштод шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз 20 то 50-сола ҳастанд.

Дар Хадамоти давлатии муассисаҳои ислоҳии назди ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми ноябр гуфтанд, ҳудуди 70 дар сади маҳбусони тоҷикистонӣ “барои фӯрӯш ё нигоҳдории маводи мухаддир” ҳабс шудаанд.

Бахтибегим Алидӯстова, сокини ҳафтодсолаи Тоҷикистон, панҷ сол боз писарашро надидааст. Зафар Алидӯстов соли 2013 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ба 15 сол зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Ҳоло дар яке аз маҳбасҳои Бишкек аст. Аввал ӯро дар зиндони вилояти Ҷалолобод нигаҳ медоштанд.

Боғшо Имматшоеваи 62-сола, сокини вилояти Суғд, зуд-зуд ба Бишкек сафар мекунад, аммо на бо мақсади сайру саёҳат. Писари ӯ соли панҷум аст, ки дар зиндони Қирғизистон аст. Ҳоло ӯ дар муассисаи ислоҳии рақами 27 дар деҳаи Молодовановкаи вилояти Чуй қарор дорад. Ба гуфтаи падараш, ӯро соли 2013 дар ҳудуди вилояти Бодканд бо маводи мухаддир дастгир ва 13 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳоло ин маҳбусро танҳо падар хабаргирӣ меояд. Барои ин ки ҳамаи хонаводаро барои дидорбинӣ бо писараш биоварад, хеле маблағ зарар аст.

Масъалаи истирдоди зиндониён аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар созишномаи дуҷонибаи байнидавлатӣ пешбинӣ шудааст. Вале ба эътирофи коршиносон дар амал кишварҳо хеле кам ба чунин иқдомҳо мепардозанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти давлатии адои ҷазои назди ҳукумати Қирғизистон Элеанора Сабатарова, Қирғизистон имсол танҳо ду шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди яке аз кишварҳои Соҳили Балтикро вопас додааст.

Ӯ гуфт, “бо Тоҷикистон ҳам чунин созишнома дорем, вале аз он ҷо ин гуна дархостҳо намешавад.” Дар ҳоле, ки ба қавли Элеанора Сабатарова, мавридҳои аз Тоҷикистон истирдод шудани шаҳрвандони Қирғизистон вуҷуд дорад.

Дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир 11 маҳбаси баста, 13 маҳбаси умумӣ, 6 боздоштгоҳи тафтишотӣ ва 1 зиндон (тюрма) мавҷуд аст. Бар асоси маълумоти кумитаи милли омори ин кишвар дар соли 2017 шумораи умумии маҳбусон беш аз ҳафт ҳазор нафарро ташкил додааст, ки тақрибан 900 нафари онҳо зан ва боқимонда 6362 мард будаанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти давлатии адои ҷазо, давлат ҳар рӯз барои маҳбусон вобаста аз низоми боздошт аз 90 (1,3 доллар) то 160 сом (2,3 доллар) сарф мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *