Дарахтшинонии раисони Суғду Хуҷанд дар назди театри Хоҷа Камол
Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар майдони ҳудуди Театри мазҳака-мусиқавии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, дар кабудизоркуниву хуррамгардонии шаҳр саҳм гузоштанд.
— Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу зебо намудани гирду атрофи иншооти маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастуру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки бо наздик шудани фасли баҳор бояд корҳои сабзкорӣ вусъат бахшида шаванд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ