Даравгар

— Досатон ғайриоддӣ.

— Чӣ хел?

— Дар Панҷакент дастаи дос кӯтоҳ, нишаста дарав мекунанд.

— Ман даравгар.

— Дигарон ҳам даравгарӣ мекунанд.

— Дигарон аз пушти дарав нон намехуранд.

— Даравгарӣ касбам гӯед.

— Ёфтед.

— Ёфтаму даравгарӣ касби душвор, чаро онро интихоб кардед?

— Қашшоқӣ ба ин роҳ бурд.

— Қашшоқӣ?

— Ҳа, ҷанг, гуруснагӣ буд, ба ҳамин роҳ рафтам.

— Дар Панҷакент ҷанг — ку набуд.

— Ҷанг касофатӣ дорад, касофаташ расид.

— Аз бачагӣ даравгарӣ мекардед?

— Куҷо аз бачагӣ, орзуҳои бачагӣ мурд.

— Чӣ орзу доштед?

-Шофур шудан.

-Нашудед?

-Таги гапа накобед.

Ҳамсуҳбатам каме безотиба шуду аз ҷой хест. Боз чӣ фикре ба сараш омад, ки дубора ба кат нишаст.

— Камбағал будем, синфи ҳаштро тамом кардам. Хостам нӯҳу даҳро дар мактаби Таги қӯруқ (мавзеест дар Панҷакент) хонам. Дар Сӯфиён мактаби даҳсола набуд. Падарам гуфтанд, ки “Крупская” рав, мактаби нағз. “Дур” — гуфтам. Гуфтанд, ки таги дарвоза “Запорожес” дорем, рав, хон, ҳуҷҷат гир. Рафта мебиёӣ. Модараму бародарам зид баромаданд. Дар мактаби дигар хондам. Орзуи шофур шудан дар дилам буд. Ду бародарам дар аскарӣ буданд, ариза додам, ки аскарӣ равам. Военкоми некнотӣ гуфт, ки то омадани бародарот туро аскарӣ намегирем.

“Мегиред” — гуфтам, агар нагиред, рост аз Хуҷанд меравам.

— Чаро ин қадар барои аскарӣ рафтан ҷон кандед?

— Аскарӣ рафтан обрӯ буд, беҳунар мерафтию боҳунар бармегаштӣ.

— Боҳунар баргаштед?

— Армонам нашикаст, шофур нашудам. Як дӯстам гуфт, ки дар Зафаробод шофури мошини борбардор тайёр мекунанд. Дар колхоз кор мекардам. Аз тамокучинӣ гурехта, ҳама ҳуҷҷатҳояро ҷамъ кардам. Ана, меравам доштам, ки боз хона зид баромад. Модарам камсаводи якрав буданд. Гап — гапи худашон буд. “Бародарот нарафтанд, ту ҳам ҳеҷ куҷо намеравӣ”-гуфтанд. Ин гап миёнама шикаст. Як дарза хас ҷамъ кардаму ҳуҷҷатҳоямро дар пеши чашма ҳама оташ задам. Мижаи модарам хам нахӯрд, падарам обчашмакон шуданд.

— Орзу дар дилам мурд гӯед.

— Ҳамин хел гӯем ҳам мешавад. Тамокукорӣ кардам, тамокукорӣ ҳам як ҷо бо Союз мурд. Панҷакент бою мардумаш камбағал, солҳои аввал аз лой хона месохтанд. Ба похсазанӣ гузаштам. Дар як рӯз то 75 метр похса мезадем. Кори осон нест то се метр лойро боло партофтан. Шалпар мешавӣ.

— Аз даравгарӣ шалпар намешавед?

— Мешавам. Ду китф мешиканад, буғунҳои дасту зону аз кор мебароянд.

— Пулаш ҳам бад набудагист?

— Аввалҳо рӯзи корам 100 сомонӣ буд, ҳоло 200 сомонӣ.

— Дар як рӯз чанд сотих дарав мекунед?

— Агар замин ҳамвор бошад, 35 — 40 сотих.

— Аз як сотих чанд банд алаф мегиранд?

— То 10 банд.

— Агар 40 сотих дар як рӯз дарав кунед, 400 банд алаф мешавад?

— Ҳамин хел.

— Нархи як банд алаф чанд сомонист?

— 15 — 20 сомонӣ.

— Яъне, дар як рӯз соҳиби замин 8 000 сомонӣ фоида мебинад?

— Ман пули дигаронро ҳисоб намекунам.

— Мақсади ман пули дигарон не, ҳосили заҳмати шумо.

— Ман бо ҳамин қаноат мекунам. Худо кама тияду ғама натияд.

Ҳамсуҳбати ман чашм ба дарёи “Зарафшон” дӯхт. Гӯё як лаҳза ғарқи ин дарё шуд. Ӯ, ки моҳидори машҳури водист, шӯхиомез пурсидам:

— Моҳигирӣ рафтед — чӣ?

— Аз дасти сиониди заводи тилло дар “Зарафшон” моҳӣ ҳам намонд.

— Ҳоло ҳам моҳидорӣ мекунед?

— Гоҳ — гоҳ.

— Чаро гоҳ — гоҳ?

— Дилам ба моҳиҳо месӯзад, адолат намонд, мардум инсофа гум карданд.

— Дар моҳидорӣ ҳам инсоф лозим?

— Инсоф дар ҳама кор лозим, инсофро, ки аз даст додӣ, худо баракатро мегирад. Оби заҳролуд ба дарё меравад, ба қаиқҳои резинӣ токи барқӣ монда, моҳиҳоро қир мекунанд, бо динамит моҳӣ медоранд, о, магар ин инсоф аст? Худат хӯрдӣ, мон, ки дигарон ҳам хуранд, дигарон ҳам зиндагӣ доранд. Э, гапа ба кӣ мегӯӣ?!

— Чой хунук шуд, гиред.

— Э, чой хунук шавад, шудан гирад, дасту дили одам аз зиндагӣ хунук нашавад.

— Чандба даромадед?

— 61 — ба.

-Чанд фарзанд доред?

— Ду духтару як писар. Ҳамаашон парончак.

— Ҳоло ҳам кор мекунед?

— Кор, ки накунам, кӣ мехуронад.

— Фарзандон.

— Худо умрашона тияд, аз худат, ки мондӣ, мурдӣ.

— То нафақаатон ҳам наздик мондааст.

— Насиб, Худо ба он рӯз расонад. Нафақа музди кори якрӯзаи ман мегӯянд.

— Ҳоло ду соли дигар, иншоолоҳ нағз мешавад.

— Дунё ба умед. Мебахшед, шом шуд, ман хезам.

— Ҳа, фаромӯш кардам, ному насабатон чӣ буд?

— Бомулло. Бомуллои даравгар гӯед, ҳама мешиносанд.

— Шаби хуш Бомулло.

— Шаби хуш. Ин қадар пурсидед, номи насаби худатон чӣ?

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *